Сарвари давлати мо роҳбари Русияро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо, инчунин ба мардуми дӯсти Русия шукуфоӣ орзу намуд.
Дар суҳбат нақши таърихии Владимир Путин дар ташаккули Русия муосир ва саҳми шахсии ӯ дар таҳкими муносибатҳои Ӯзбекистону Русия дар доираи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳампаймонӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо рушди босуръати ҳамкориҳоро дар ҳамаи самтҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва миқёси ҳамкории корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика ва дигар самтҳои афзалиятнок мунтазам меафзояд.
Ба натиҷаҳои судманди ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва ҷаласаи сеюми Шӯрои минтақаҳо, ки як рӯз қабл дар шаҳри Фарғона баргузор шуданд, баҳои баланд дода шуд.
Мубодилаи фаъоли фарҳангиву башардӯстона низ идома дорад. Ба наздикӣ дар кишвари мо фестивали ҳунарҳои Русия таҳти унвони «Ҷаҳони ҳунар» бомуваффақият баргузор гардид. Дар ин рӯзҳо бошад, дар шаҳри Москва Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор мешаванд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ намуданд.