Барои саҳми бузургаш дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таҳкими дӯстии бисёрасра, шарикии стратегӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, фаъолияти пурсамари чандинсола, иштироки фаъолаш дар рушд ва тарғиби санъати мақом, муаррифии мероси ғании фарҳангиву маънавии халқи ӯзбек дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин фаъолияти намунавӣ дар ҳифз ва ғанигардонии арзишҳо ва анъанаҳои муштарак роҳбари ансамбли шашмақоми «Нури ниёгон»-и вилояти Суғд Набиев Шӯҳратҷон Ҷӯрабекович бо ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. Мирзиёев