Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро риштаҳои деринаи бародарӣ,
решаҳои умумии таърихиву фарҳангӣ ва эҳтироми мутақобила ба ҳам мепайванданд.
Ба шарофати муносибатҳои наздики роҳбарони ду давлат, ки бар пояи эътимоди
баланд бунёд шудаанд, имрӯз ин заминаи мустаҳкам бо мазмуни нави шарикии
стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ ғанӣ мегардад.
Дар ҷараёни мулоқот ба нигоҳ доштани суръати баланди
муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ,
инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи
махсус зоҳир гардид.
Қайд шуд, ки таҷрибаи ғании дипломатии Рашад Мамедов
барои боз ҳам таҳкими муносибатҳои ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ва ғанӣ
гардондани ҳамкорӣ бо натиҷаҳои нави амалӣ мусоидат хоҳад кард, хабар медиҳад
ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.