Чорабинӣ дар доираи барномаи тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА, инчунин ширкатҳои пешбари соҳа ташкил шудааст.
Яке аз хабарҳои муҳими ин ҷаласа оғози фаъолияти хидматрасонии пардохтии Google Pay дар Ӯзбекистон буд. Дар ин бора роҳбари самти сиёсати давлатӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои давлатӣ дар ширкати Google Cloud Марсин Красуски хабар дод. Дар ин хусус Вазорати технологияҳои рақамӣ иттилоъ медиҳад.
Google Pay хидматрасонии пардохтии рақамӣ буда, ба корбарон имкон медиҳад, ки тавассути дастгоҳҳои мувофиқ пардохтҳои рақамӣ анҷом диҳанд.