Ин санад рӯзи 22 октябр, пас аз анҷоми саммити дурӯза, ки рӯзҳои 21–22 октябр баргузор шуд, қабул гардид.

Саммитро Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ташкил намуд. Дар он бонувони аввали кишварҳо, вазирони ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф ва молия, намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ, инчунин худи кӯдакон ва ҷавонон иштирок карданд.

Дар Эъломия иштирокчиён садоқати худро ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак бори дигар тасдиқ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки кӯдакон сеяки аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва сармоягузорӣ ба онҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва сулҳу субот натиҷаҳои мусбат ба бор меорад.

Давлатҳо изҳор доштанд, ки бо дарназардошти шароит, афзалиятҳо ва имкониятҳои миллии худ дар самтҳои зерин фаъолият хоҳанд кард:

Рушди низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва васеъ намудани кумакпулиҳо барои кӯдакон ва оилаҳо, аз ҷумла дар давраҳои буҳронӣ;

Тақвияти низомҳои ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва истисмор, аз ҷумла дар муҳити онлайн;

Дастгирии рушди барвақтии кӯдакон, таҳсилоти фарогир ва тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бо саратони кӯдакона;

Дастгирии падару модарон ва васиён бо мақсади пешгирӣ аз беасос ҷудо кардани кӯдакон аз оилаҳояшон;

Омода намудани ҷавонон ба иқтисодиёти оянда тавассути рушди малакаҳои «сабз» ва рақамӣ, фароҳам овардани ҷойҳои кори шоиста, аз ҷумла барои ҷавонони дорои маъюбият.

Бахши алоҳида ба масъалаҳои маблағгузорӣ бахшида шудааст. Давлатҳо аҳаммияти пайваста зиёд намудани сармоягузории давлатӣ ба кӯдакон ва баланд бардоштани шаффофияти буҷетҳои миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои онҳоро таъкид карданд.

Ҳамчунин, ба ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, фондҳои хайриявӣ ва бахши хусусӣ даъват пешниҳод гардид, ки ҳаҷми маблағгузориро афзоиш диҳанд. Ин дастгирӣ бояд пеш аз ҳама ба кишварҳои дорои сатҳи паст ва миёнаи даромад, инчунин давлатҳое равона карда шавад, ки аз низоъҳо, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ осеб дидаанд.

Кӯдакон ва наврасон ҳамчун субъектҳои комилҳуқуқ ва «пешбарандагони тағйирот» эътироф гардиданд. Иштирокчиён омодагии худро барои фароҳам овардани шароити бехатар ва пурмазмуни иштироки онҳо дар қабули қарорҳо, аз ҷумла ҳангоми татбиқи худи Эъломия изҳор намуданд.

Татбиқи санад тавассути сиёсатҳо ва буҷетҳои миллӣ, бо дарназардошти муҳлатҳои муайянкардаи кишварҳо ва пешниҳоди ҳисоботи мунтазам, пешбинӣ шудааст. Иштирокчиён инчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои арзёбии натиҷаҳои бадастомада бори дигар ҷамъ меоянд.

Аз ташкилкунандагони саммит даъват карда шуд, ки ба давлатҳо дар татбиқи амалии Эъломия мусоидат намоянд.

Иштирокчиён ба мардум ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои ташкили саммит дар шаҳри Самарқанд изҳори сипос карданд ва ин шаҳрро «чорроҳаи тамаддунҳо» номиданд.

Натиҷаҳои саммитро барандаи ҷоизаи «Оскар» Эдриан Броуди ҷамъбаст намуд. Ӯ ҳамчунин ба Шаҳноза Мирзиёева расмеро туҳфа кард, ки онро худаш кашидааст.