Нахустин макони
барномаи боздид Осорхонаи миллии Сербия буд. Бонуҳои аввал бо экспозитсияи
осорхона шинос шуданд, ки дар он бозёфтҳои бостоншиносии марбут ба таърихи
кишвар, инчунин осори санъати сербӣ ва ҷаҳонӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамзамон,
меҳмонони олиқадр намоишгоҳи ҳунарҳои анъанавии мардумии «Этно-мрежа»-ро тамошо
карданд.
Ба яке аз муҳимтарин
ёдгориҳои миллии кишвар — Инҷили Мирослав таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Ин қадимтарин
ёдгории хатти кириллии сербӣ ба шумор меравад. Ин дастнависи нодири асри XII
дорои арзиши баланди бадеӣ буда, бо минётураҳои моҳирона оро дода шудааст. Соли
2005 Инҷили Мирослав аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи байналмилалии «Ёдгориҳои ҷаҳонӣ»
ворид карда шуд.
Сипас Бонуҳои
аввал аз маъбади муқаддаси Савва боздид намуданд, ки яке аз бузургтарин калисоҳои
православии ҷаҳон ва муҳимтарин рамзи маънавии Сербия мебошад.
Дар ҷараёни суҳбати
самимӣ Зироат Мирзиёева ва Тамара Вучич аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои
фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни Ӯзбекистон ва Сербияро таъкид карданд.