Ба
муносибати ба даст омадани ин нишондиҳанда маъмурияти ҶС «Тошкент
метрополитени» мусофиронро ба муносибати ин натиҷаи таърихӣ табрик намуд.
Ба
муносибати сабти рекорди нав инчунин барои муайян кардани мусофири 1 миллиону 200-ҳазорум
чорабинии махсус баргузор гардид. Мусофири мазкур аз ҷониби намояндагони
метрополитен бо туҳфаи хотиравӣ ва корти махсуси нақлиётӣ сарфароз гардонида
шуд. Ин корт ба ӯ имкон медиҳад, ки дар
давоми як сол аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода барад.
Дар
метрополитен таъкид карданд, ки рекорди нав аз афзоиши талаботи сокинон ва меҳмонони
пойтахт ба хизматрасонии нақлиёти зеризаминӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин
тариқ, ба 1,2 миллион мусофир дар як
шабонарӯз расидани шумораи мусофирон ба яке аз натиҷаҳои муҳими
таърихи метрополитени Тошканд табдил ёфт.