«Онҳо дар бисёр масъалаҳо ба мо гузашт карданд. Чаро онҳо ин корро накунанд?», гуфт ӯ дар ҳавопаймо ҳангоми парвоз аз шаҳри Уэст-Палм-Бич (иёлати Флорида) ба Вашингтон дар посух ба саволи журналистон дар мавриди аз ҷониби ИМА ба Эрон ирсол гардидан ё нагардидани нақшаи иборат аз 15 банд. “Онҳо ба нақшаи мо розӣ шуданд. Ман онро дар назар дорам, ки мо аз онҳо 15 чизро дархост намудем”, илова кард роҳбари Амрико. Ӯ батаъкид гуфт, ки Теҳрон барои иҷро кардани “қисми асосӣ”-и ин талабҳо розӣ шудааст. «Мо аз онҳо боз чанд чизи дигарро низ талаб мекунем», — таъкид кард ӯ.

Президенти ИМА инчунин, изҳори итминон кард, ки дар Эрон воқеан тағйироти ҳокимият ба амал омадааст. "Ман инро тағйири режим мешуморам. Ва ошкоро бояд гуфт, ки онҳо хеле оқилона рафтор мекунанд", - гуфт ӯ бо ишора ба мақомоти эронӣ.

Роҳбари ИМА пас аз гузаронидани рӯзҳои истироҳат дар амволи худ дар Мар-а-Лагои наздикии Вест Палм Бич ба Кохи Сафед баргашт, хабар медиҳад tass.ru.