Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи фаъолияти «Anadolu Group» дар Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои саноатиро баррасӣ карданд.
Ба истифодаи имкониятҳои сармоягузории кишвар, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими ҳузури ширкат дар бозори Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро ҷиҳати муайян намудани самтҳои ояндадори шарикӣ, омода кардани ташаббусҳои сармоягузорӣ ва татбиқи амалии онҳо идома диҳанд.