Тибқи маълумоти тафтишот, зани 25-солаи сокини шаҳри
Ангрен бо ҳаммаслакони худ, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб зиндагӣ
мекунанд, маслиҳати ҷиноятӣ намуда, тасмим гирифтааст духтари ҷавонро барои
истисмори ҷинсӣ ба хориҷи кишвар фиристад.
Барои амалӣ намудани нақшаи ҷиноятии худ гумонбар ба боварии
сокини ноҳияи Мирзочӯли вилояти Ҷиззах дохил шуда, ӯро мутмаин кардааст, ки дар
Амороти Муттаҳидаи Араб ҷойҳои кори сердаромад мавҷуданд, ки аз ҷониби шиносҳои
ӯ пешниҳод шудаанд.
Кормандони оперативӣ занро ҳангоми кӯшиши фиристодани ҷабрдида
тавассути фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба шаҳри Дубай дастгир карданд.
Муайян шудааст, ки баъди расидан ба АМА духтарро шаҳрванди дигари Ӯзбекистон,
ки дар он кишвар қарор дошт, пешвоз мегирифт.
Нисбат ба боздоштшуда тибқи бандҳои «д» ва «к»-и қисми 2
моддаи 135 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон («Харидуфурӯши одамон»)
парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян ва ба ҷавобгарӣ
кашидани дигар шахсони дар ин ҷиноят дастдошта низ чораҳо меандешанд.