Ӯ ҳангоми санҷиши як муассисаи хӯроки умумӣ
қоидавайронкуниҳои бехатарии сӯхторро ошкор намуда, протоколи маъмурӣ тартиб
додааст ва ваъда додааст, ки муассисаро намебандад ва ҳуҷҷатҳоро ба суд
намефиристад, агар маблағи пулӣ дода шавад.
Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони
Хадамоти амнияти давлатӣ ва Департаменти назди Прокуратураи генералӣ гузаронида
шуд, мансабдор ҳангоми гирифтани пул дастгир гардид. Пул ҳамчун далели шайъӣ
мусодира шуд.
Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот
идома дорад.
Шаҳрвандони муҳтарам! Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо чунин
қонуншиканиҳо метавонед ба рақами кӯтоҳи 1520-и Хадамоти амнияти давлатӣ хабар
диҳед. Махфият
кафолат дода мешавад.