Аз ҷумла, як корманди масъули бахши таъминоти гази «Ургуттумангаз» ва шахсе, ки қаблан дар ҳамин ташкилот фаъолият мекард, бо маслиҳати пешакӣ аз ҶММ барои расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозатномаи техникӣ ҷиҳати насби таҷҳизоти нави тақсимоти гази табиӣ дар як коргоҳи истеҳсолӣ 2 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ онҳо ҳангоми гирифтани маблағи талабшуда бо далелҳои шайъӣ дастгир шуданд.

Дар ҳолати дигар, сардори яке аз шуъбаҳои Агентии кадастри вилояти Қашқадарё аз як шаҳрванд барои ба номи шахси дигар омода ва расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои кадастрии 50 сотих замини обёришаванда, ки барои сохтмони гармхона ҷудо гардида буд, қаблан 11 ҳазору 600 доллари ИМА гирифтааст.
Аммо ин мансабдор ваъдаи худро иҷро накарда, маблағҳои гирифташударо қисман баргардонд: ҳангоми баргардонидани 49,7 миллион сӯм амали ғайриқонунии ӯ фош гардид.

Дар ҷараёни санҷиши пеш аз тафтишот ӯ инчунин 89,5 миллион сӯми боқимондаро низ ба ҷабрдида баргардонд.

Дар асоси ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд.