Тибқи маълумоти мавҷуда, 31 марти соли ҷорӣ миёни хонандагони синфи 11 — М.М. (соли таваллудаш 2008) ва Б.Ш. (соли таваллудаш 2008) бар асари ихтилофоти шахсӣ муноқиша ба миён омадааст. Дар ҷараёни ҷанҷол ноболиғ М.М. чанд маротиба ба рӯи Б.Ш. зарба задааст.

Дар робита ба ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба ҳар ду ноболиғ экспертизаи судӣ-тиббӣ таъин карда шудааст.

Айни замон аз рӯи ин ҳолат тибқи моддаи 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Таъкид мешавад, ки дар муассисаҳои таълимӣ ҳолатҳои буллинг на танҳо арзёбии ҳуқуқӣ, балки пешгирии низомиро талаб мекунанд. Масъулон вазифадоранд барои пешгирии чунин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешида, муҳити бехатар, солим ва мусоидро барои таълим дар мактабҳо таъмин намоянд.