Дар
вазорат таъкид карданд, ки маълумот дар бораи ошкор шудани вирус дуруст аст.
Коронавируси нав дар доираи низоми назорати бемориҳо миёни ҳайвоноти ваҳшӣ дар
асоси консепсияи One Health, ки назорати муштараки таҳдидҳо ба саломатии инсон,
ҳайвонот ва муҳити зистро пешбинӣ мекунад, ошкор шудааст.
Ба
гуфтаи мақомот, то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ миёни одамон ба қайд гирифта
нашудааст, менигорад rbc.ru.
Ҳамчунин
гуфта мешавад, ки таҳқиқоти пешакӣ нишон медиҳанд, ки вируси нав нисбат ба COVID-19 қобилияти паҳншавии камтар дошта, ҷараёни
беморӣ низ сабуктар мегузарад.
Мақомот
изҳор доштанд, ки ваксинаҳои мавҷудаи зидди COVID-19 метавонанд то андозае аз
штамми нав низ муҳофизат намоянд ва хатари паҳншавии он паст арзёбӣ мешавад.
Дар
пасманзари ин хабарҳо таваҷҷуҳи хадамоти байналмилалии санитарӣ инчунин ба хуруҷи
хантавирус дар киштии сайёҳии MV Hondius
равона шудааст. Пас аз сафар дар соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ чанд мусофир
бемор шуданд ва қисми онҳо эвакуатсия гардиданд. Ҳолатҳои сироят аллакай дар Фаронса ва ИМА
ба қайд гирифта шуда, дар як қатор кишварҳо назорати афроди дар тамосбуда идома
дорад.