Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии амният, дар яке аз ҳолатҳо сармутахассиси идораи ҳудудии Маркази истифодаи самараноки объектҳои моликияти давлатӣ бо истифода аз ваколатҳои хизматӣ ва робитаҳои худ бо шахсони мансабдор ба як ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд пешниҳод кардааст, ки барои иҷораи қитъаи замини дар баланси муассисаи давлатии «Дирексияи идоракунии минтақаҳои саноатии шаҳри Тошканд» қарордошта шартномаи иҷора расмӣ намояд.

Барои кам кардани маблағи иҷора ва бартараф намудани қарзи корхона барои соли 2025 ӯ аз намояндаи ширкат 15 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст.

Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии амният якҷо бо намояндагони Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Тошканд гузаронида шуд, мансабдор ҳангоми гирифтани маблағи талабшуда боздошт гардид.

Ҳолати дигар дар ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё ба қайд гирифта шуд. Муовини роҳбари корхонаи таъмини неруи барқи ноҳия, ки дар парвандаи ҷиноятӣ оид ба пайвастшавии ғайриқонунии як шаҳрванд ба шабакаҳои барқӣ ҳамчун даъвогари шаҳрвандӣ иштирок мекард, изҳор доштааст, ки тавассути шиносҳои худ метавонад маблағи зарари ба корхона расидаро аз нав баррасӣ намояд.

Ба гуфтаи ӯ, зарари ба маблағи 103 миллион сӯм расидаро метавон то 34 миллион сӯм кам кард. Барои ҳалли ин масъала мансабдор аз шаҳрванд 17 миллион сӯм талаб кардааст.

Ҳангоми гирифтани маблағ тавассути ҳамсараш ӯ аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии амният ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ боздошт гардид.

Аз рӯи ҳар ду ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон корҳои тафтишотӣ идома доранд.