Муайян гардид, ки шахсони масъули ҶДММ-ҳои «E.P.», «M.M.» ва «E.S.» бо маслиҳати пешакӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи гӯё таҳвили мол ба маблағи 322,4 миллиард сӯм тартиб додаанд. Сипас онҳо маблағҳоро тавассути мошинҳои назоратию хазинавӣ (ККМ) гузаронида, 3 ҳазору 363 чеки қалбакии фурӯши молро ба номи шаҳрвандон расмӣ намудаанд ва тавассути замимаи мобилии Soliq Mobile барои шахсони шомил ба феҳристи ҳифзи иҷтимоӣ гузарондани «кешбэк»-ро таъмин кардаанд.

Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунӣ 1,4 миллиард сӯм маблағҳои буҷетӣ, ки ҳамчун «кешбэк» пардохт шудаанд, азхуд карда шудааст.

Аз рӯи ин ҳолат тибқи моддаҳои 167 (азхудкунӣ ё исрофкорӣ бо роҳи дуздӣ) ва 228 (сохтан, қалбакӣ кардан, фурӯш ё истифодаи ҳуҷҷатҳо, муҳрҳо, тамғаҳо ва варақаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.