Дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд дар доираи мубориза бо
ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир шаҳрванди соли таваллудаш 1992 боздошт шуд,
ки аз соли 2025 бо гумони қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳти ҷустуҷӯ
қарор дошт.
Ҳангоми кофтукови манзили иҷорагирифтаи ӯ дар ҳузури шоҳидон
кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дохили яхдон 151 грамм афюн ва аз чоҳи ҳавокашии
ҳоҷатхона 4 килограмму 971 грамм ҳашиш пайдо ва мусодира карданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ин маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя
ба таври қочоқ ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд. Нисбат ба гумонбар
чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ татбиқ гардидааст.
Ҳамчунин, як ҳолати дигари гардиши ғайриқонунии маводи
мухаддир дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ошкор шуд. Дар ҷараёни амалиёти
муштараки Раёсати Хадамоти давлатии амният дар вилояти Самарқанд, Қӯшунҳои сарҳадӣ
ва мақомоти корҳои дохилӣ ду шаҳрванди соли таваллудашон 2003 боздошт
гардиданд.
Гумонбарон ҳангоми кӯшиши фурӯши 932 грамм ҳашиш ва 2,5
грамм афюн ба харидори шартӣ ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА дастгир шуданд.
Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба
боздоштшудагон низ чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ интихоб шудааст. Айни ҳол
тафтишот идома дошта, тамоми ҳолатҳои қазия мавриди омӯзиш қарор доранд.