Тибқи фармон, ҳадафҳои асосии он чунин муайян шудаанд:

то соли 2030 расидан ба зинаи аввал дар раддабандии Бонки ҷаҳонии «Business Ready» дар самти андоз;

беҳтар намудани сифати хидматрасониҳои андоз ва таҳкими эътимоди андозсупорандагон ба мақомоти андоз.

Аз 1 июли соли 2026:

уҳдадории пешниҳоди ҳисоботи дақиқшудаи андоз ё ҳуҷҷатҳои асосноккунанда вобаста ба ихтилофҳои дар таҳлили пешазсанҷишӣ ошкоршуда бекор карда мешавад;

низоми ирсоли огоҳинома дар бораи хавфҳои ошкоршуда барои андозсупорандагоне, ки ба сатҳи миёнаи хавфи андозӣ мансубанд, ҷорӣ мегардад. Агар камбудиҳои ошкоршуда дар давоми як моҳ бартараф шаванд, санҷиши андоз гузаронида намешавад;

ба субъектҳои нави соҳибкорӣ дар шаш моҳи аввали фаъолияташон хизматрасонии ирсоли ҳисоботи андоз ва молиявӣ аз ҷониби ҶС «Soliq-servis» ба таври ройгон пешниҳод мешавад.

Аз 1 августи соли 2026 индекси муштаримеҳварии мақомоти андоз ҷорӣ мешавад. Андозсупорандагон метавонанд:

дастрасӣ ва роҳати истифодаи хизматрасониҳои андоз, инчунин сифати хизматрасониҳои мақомоти андозро арзёбӣ кунанд;

ба вақти барои иҷрои уҳдадориҳои андоз сарфшаванда ва сатҳи ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупорандагон  баҳо  диҳанд.