Ин ширкат яке аз операторони пешбари ҳамлу нақли мусофирбар дар Ҷопон ба шумор рафта, хатсайрҳои автобусиро дар саросари кишвар амалӣ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Агентии муҳоҷират.

Дар доираи ҳамкорӣ ширкати пешбари ҷопонӣ дар соҳаи шуғли байналмилалӣ "Onodera User Run" барои ворид шудани ин лоиҳа ба бозори Ӯзбекистон мусоидат менамояд.

Мувофиқи созишномаи сеҷонибаи баимзорасида, дар Ӯзбекистон омодасозии ронандагони автобус ташкил гардида, баъдан онҳо бо ҷойҳои кори сермузд дар Ҷопон таъмин карда мешаванд.

Дар шаҳри Тошканд бунёди як полигони муосири таълимӣ барои омӯзиши амалӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз Ҷопон автобусҳои дорои идоракунии ростдаст (рул аз тарафи рост) ворид карда мешаванд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос тасдиқ карданд.