Президентҳо аз натиҷаҳои пурсамари музокирот изҳори қаноатмандӣ карданд
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президентҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои намояндагони воситаҳои ахбори умум изҳорот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамарашон дар нигоҳдорӣ ва оммавӣ гардондани мероси муштараки таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳо, инчунин саҳми арзандаашон дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ байни халқҳои бародарии мо ба як гурӯҳ ходимони маданият ва санъати хар ду мамлакат унвонҳои фахрӣ доданд.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шартнома дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ имзо карданд.