Дар чорабинии бошукӯҳе, ки дар варзишгоҳи «Бобур» баргузор гардид,
шумораи рекордии иштирокчиён 20 ҳазор
нафар ҳамзамон ин рақсро бо маҳорати баланд иҷро намуданд.
Ин намоиши таърихӣ дар доираи баргузории чорабиниҳои марбут ба мақоми «Пойтахти
фарҳангии ҷаҳони турк» барои шаҳри Андиҷон дар соли 2026 баргузор шуд.
Намояндаи расмии созмони Гиннес, ки ҷараёнро мустақиман назорат мекард, тасдиқ
намуд, ки чорабинӣ ба ҳамаи талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, рекорди ҷаҳонӣ
расман ба қайд гирифта шуд.
Ин дастоварди муҳим ба муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва
таҳкими нуфузи мактаби рақси ӯзбек дар ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.