Тавре зикр мегардад, саломатии инсон яке аз арзишҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, аммо бархе афрод бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ, бо ташкили истеҳсоли пинҳонии маҳсулоти тиббии шубҳанок ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд.

Дар рафти чорабинии фаврӣ муайян гардид, ки дар ҳудуди ин коргоҳ чор ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд бе ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва сертификатҳои сифат ба истеҳсоли доруҳои гуногун ва иловаҳои фаъоли биологӣ машғул будаанд.

Ҳамчун далели шайъӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қариб 100 навъи маҳсулот, аз ҷумла доруҳои «Simbaby», «Doclungc», «Leron», «Yodigan», «Polivit» ва дигарҳоро мусодира намуданд.

Санҷиш нишон дод, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулот талаботи технологӣ дағалона вайрон шуда, инчунин меъёрҳои санитарию гигиенӣ риоя намегардиданд.

Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, арзиши умумии маҳсулоти ғайриқонунии тиббӣ тақрибан 5 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.

Айни замон вобаста ба ин ҳолат санҷишҳои пешазтафтишотӣ ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мутахассисон шаҳрвандонро даъват намуданд, ки дорувориро танҳо аз дорухонаҳои дорои иҷозатнома ва боэътимод харидорӣ намоянд, зеро истифодаи маҳсулоти бе сертификат метавонад ба саломатӣ хатари ҷиддӣ эҷод кунад.

Ҳамчунин ба шаҳрвандон хотиррасон гардид, ки дар сурати ошкор шудани чунин қонуншиканиҳо метавонанд тавассути рақами кӯтоҳи 1520 хабар диҳанд. Махфияти муроҷиат кафолат дода мешавад.