Тавре Report бо истинод ба расонаҳои Ҳиндустон хабар медиҳад,
Гутерриш ин суханонро дар паёми худ ба нишасти БРИКС дар Ҳиндустон баён
кардааст.
Ӯ гуфт: «Воқеиятҳои иқтисодӣ, демографӣ ва геополитикии
имрӯз аз вазъияти соли 1945 фарқ мекунанд. Сохторҳои мо низ бояд ин тағйиротро
инъикос кунанд».
Гутерриш таъкид кард, ки «кишварҳои дар ин нишаст
намояндагишуда нишон медиҳанд, ки воқеиятҳои ҷаҳон то чӣ андоза тағйир меёбанд.
Мо бо суръати рӯзафзун ба сӯи ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳаракат дорем».