Дар оғози суҳбат Дабири кулли СММ роҳбари кишвари мо ва
мардуми Ӯзбекистонро ба муносибати 35-солагии истиқлоли кишвар самимона табрик
гуфта, ба онҳо сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.
Масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо СММ
ва ниҳодҳои он баррасӣ шуданд.
Роҳбари кишвари мо саҳми шахсии Антониу Гутерришро дар
рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва СММ баланд арзёбӣ кард. Аз ташаббусҳои
Дабири кулл оид ба ислоҳоти низоми Созмон ҷонибдорӣ карда шуд.
Муколамаи пуршиддат ва мубодилаи сафарҳо, инчунин
иштироки афзояндаи Ӯзбекистон дар фаъолияти мақомоти интихобии СММ бо қаноатмандӣ
қайд гардид. Дар солҳои охир бо ташаббуси кишвари мо Ассамблеяи Генералии СММ
15 қатънома қабул кардааст.
Антониу Гутерриш дастовардҳои назарраси Ӯзбекистонро дар
татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор истиқбол кард. Омодагӣ барои идомаи ҳамкории
фаъол дар ин самт тасдиқ гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи
байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин ҷадвали чорабиниҳои муштараки
дарпешистода баррасӣ шуд.