Тавре агентии «Report» хабар медиҳад, ин рақамҳо дар маълумоти навшудаи Вазорати тандурустии Миср, ки дар шабакаи иҷтимоии «X» нашр шудааст, оварда шудаанд.

Тибқи иттилои идора, вазъи саломатии 45 нафар беҳтар гардида, онҳо аллакай аз беморхона ҷавоб дода шудаанд. Қарор аст дар рӯзҳои наздик боз ҳафт нафари дигар аз беморхона рухсат шаванд. Табобати боқимондаи осебдидагон таҳти назорати табибон идома дорад.

Прокуратураи шаҳрӣ ба тафтишоти ҳодиса машғул буда, сабабҳои садама муайян карда мешаванд.