Солҳои охир дар мамлакат ба татбиқсозии таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи пешқадам дар раванди таълим, инчунин, омодасозии кадрҳои ботаҷриба барои бахшҳои иқтисодӣ, ки донишу таҷрибаҳои муосирро балад ҳастанд, диққати махсус дода мешавад.

Ин маркази Кумитаи роҳҳои автомобилгард маҳз бо ҳамин мақсад таъсис ёфтааст. Он ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи роҳсозӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва омода кардани муҳандисони насли нав хидмат мекунад. Дар маҷмаа, ки 2,7 гектар майдон дорад, 80 ҷойи кори доимӣ офарида шудааст.

Дар полигони таълимии марказ иншоот ва унсурҳои асосии роҳҳои автомобилгард дар андозаи воқеӣ инъикос гардидаанд. Дар ин ҷо мутахассисон ва донишҷӯён метавонанд қабатҳои рӯйпӯши роҳ, аломатҳои роҳ, монеаҳои бехатарӣ, низоми обравҳо, сохтор ва вазифаҳои пулу қубурҳои обгузарро дар амал омӯзанд.

Дар полигон параметрҳои геометрии роҳҳои автомобилгарди мансуби тоифаҳои техникии I–V, намудҳои мувофиқи рӯйпӯши онҳо, аз ҷумла сементу бетон, асфалт-бетони гарму хунук, шағал ва сангреза муаррифӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, 75 намуди унсурҳои роҳ ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар маҷмаа парки махсуси техникӣ низ бунёд шудааст. Дар он мошинҳои роҳсозӣ, лабораторияи сайёр барои ташхиси қабатҳои роҳ ва воситаҳои нақлиёти дорои низомҳои назорату вазнченкунӣ, ки дар асоси зеҳни сунъӣ фаъолият мекунанд, мавҷуданд. Дар ин ҷо тамоюлҳои корбарии техникаи муосир ва усулҳои истифодаи он омӯхта мешаванд.

Дар Маркази вазъияти маҷмаа маълумоти марбут ба ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард, ҳаракати нақлиёт, шароити обу ҳаво, корҳои сохтмон ва таъмир дар низоми ягонаи рақамӣ ҷамъоварӣ ва таҳлил карда мешавад.

Марказ бо 7 низоми иттилоотии кумита ҳамгиро карда шудааст. Дар ин ҷо тавассути низоми RAMS имкони арзёбии ҳолати техникии 42,4 ҳазор километр роҳҳои автомобилгард, таҳлили рӯйпӯши роҳ бо ёрии зеҳни сунъӣ, ҳисоб кардани вазни воситаҳои нақлиёт тавассути низоми WIM, назорати ҳаракати техникаи роҳсозӣ бо воситаи GPS ва назорати онлайни пардохтҳо дар роҳҳои пулакӣ фароҳам гардидааст.

Ҳоло 9 оператори марказ қисмати 100-километраи роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии А-373-ро, ки аз ағбаи Қамчиқ мегузарад, дар реҷаи вақти воқеӣ назорат мекунанд.

Тавассути ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ бо вазорату идораҳои масъул механизми таҳлили автоматии вазъият дар роҳҳо, пешакӣ муайян намудани хатарҳо ва огоҳсозии фаврӣ роҳандозӣ шудааст.

Барои такмили ихтисоси мутахассисон ва таҳкими донишҳои назарии донишҷӯён 3 утоқи таълимӣ, ки бо воситаҳои интерфаъол таҷҳизонида шудаанд, инчунин китобхонаи илмӣ ташкил гардидааст.

Се озмоишгоҳи муосир, ки барои таҳқиқ ва санҷиши масолеҳи роҳсозӣ пешбинӣ шудаанд, фаъолият доранд. Дар онҳо хусусиятҳои асфалту бетон, сементу бетон, масолеҳи инертӣ ва битум омӯхта мешавад. Ҳоло дар ин ҷо 15 нафар олим ва 5 нафар унвонҷӯ фаъолияти илмӣ пеш мебаранд.

Президент бо осорхонаи «Шоҳроҳи замон» («Вақт магистрали»)-и маҷмаа низ шинос шуд.

Дар ин ҷо 107 экспонат оид ба таърихи ташаккул ва рушди хоҷагии роҳсозии Ӯзбекистон, масолеҳи сохтмон, технологияҳое, ки дар давраҳои гуногун истифода шудаанд, инчунин, роҳҳалҳои нодири муҳандисӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамчунин мошину механизмҳои роҳсозии асри гузашта ҷамъоварӣ гардида, тавассути экранҳои интерфаъол дар бораи таърих ва вазифаҳои онҳо ба се забон маълумот гирифтан мумкин аст.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки бо истифодаи самарабахши имкониятҳои марказ, барои соҳаи роҳсозӣ муҳандисону мутахассисони баландихтисосро омода намоянд, таҳқиқоти илмиро ба эҳтиёҷоти амалии соҳа равона кунанд, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сифати сохтмони роҳҳо ва самарадории эксплуатсияи онҳо технологияҳои муосирро васеъ истифода баранд.

Дар ҳамин ҷо бо сармоягузорони хориҷие, ки дар татбиқсозии лоиҳаҳои бузурги соҳаи роҳҳои автомобилгард иштирок доранд, суҳбат доир гардид.