Таъкид
шуд, ки иқтисодиёт босуръат рушд карда, солҳои охир дар бахшҳои саноатӣ
истеҳсоли 3 ҳазор намуди маҳсулоти нав роҳандозӣ шудааст.
9-10
сол муқаддам қисми асосии маҳсулоти кимиёвии мамлакатро нуриҳои минералӣ ташкил
медоданд. Солҳои охир ба соҳа 8 миллиарду 300 миллион доллар сармоя ҷалб
гардида, 87 иқтидори бузург ба истифода дода шуд.
Истеҳсоли
беш аз 60 намуди маҳсулоти нави дорои арзиши баланди иловашуда, аз ҷумла ПВХ,
гидрогени “сабз”, полипропилени кафкдор ва плёнкаи БОПП аз худ карда шуд. Бо ин
роҳ барои истеҳсоли ҳазорҳо намуди маҳсулоти нав дар шабакаҳои иқтисодиёт пойгоҳи
зарурии ашёи хом фароҳам омад.
Дар
натиҷа ҳаҷми содирот дар соҳа се баробар афзуда, шумораи кормандон аз 50 ҳазор
нафар зиёд гардид.
Ҳамзамон,
гуфта шуд, ки дар соҳа ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Дар нӯҳ соли
охир саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 6,3 фоиз рушд кардааст, аммо ин нишондиҳанда
дар саноати кимиё ҳатто ба 3 фоиз ҳам нарасидааст. Воридоти маҳсулоти кимиёвӣ 4
баробар афзуда, соле ба 4,5 миллиард доллар расидааст.
Таъкид
гардид, ки Ҷамъияти саҳомии “Ӯзкимёсаноат” асосан бо корхонаҳои бузурги
зерсохтори худ маҳдуд гардида, кори бонизом бо беш аз 5 ҳазор корхонаи соҳа,
шунидани мушкилоту пешниҳодҳои онҳо дар сатҳи поин қарор дорад.
Дар
ҷамъомад ба масъалаҳои тағйир додани таркиби маҳсулот, баланд бардоштани арзиши
иловашуда ва кам кардани масрафи энергия диққати махсус дода шуд.
Дар
мамлакат соле 1,5 миллион тонна селитраи аммиакӣ истеҳсол гардида, барои он 1
миллиарду 70 миллион метри мукааб газ сарф мешавад. Ҳамзамон, кишварҳои
пешрафта истеъмоли селитраро кам карда, дар соҳаи кишоварзӣ корбурди карбамид
ва нуриҳои дар об ҳалшаванда, дар саноати кӯҳу кон истифодаи селитраи ковокро
роҳандозӣ менамоянд.
Гарчанде
арзиши аслии селитраи ковок бо селитраи аммиакӣ баробар аст, арзиши иловашудаи
он ду баробар бештар мебошад. Гуфта шуд, ки масъулон ва роҳбарони корхонаҳои
кимиё бояд дар бораи зиёд намудани чунин лоиҳаҳо ҷиддӣ андеша намоянд.
Инчунин,
таъкид гардид, ки агар нархи як тонна намаки сианӣ, ки дар “Навоийазот” истеҳсол
мешавад, 3 ҳазору 700 доллар бошад, аз он ширеш истеҳсол гардад, арзишаш
метавонад то 8 ҳазор доллар боло равад. Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар
кластери назди “Навоийазот” 10 лоиҳаи кимиёвии дорои тоннаи кам ба маблағи 1
миллиард доллар оғоз намоянд.
Зикр
гардид, ки тавассути пурра ба кор даровардани захираҳои мавҷудаи геологӣ низ
метавон арзиши иловашударо чандин баробар афзоиш дод.
Дар
Қароқалпоқистон, Сурхондарё, Қашқадарё ва Навоӣ 550 миллион тонна захираи
натрий ва калий, 20 миллион тонна бентонит мавҷуд аст. Агар ин ашёи хомро ба
таври амиқ коркард намуда, содаи каустикӣ истеҳсол гардад, арзиши иловашуда 3
баробар меафзояд.
Дар
Ҷиззах 1,5 миллион тонна ва дар Қароқалпоқистон 500 ҳазор тонна захираи
серпентинит муайян шудааст. Агар ин маъдан бо кислотаи сулфат коркард шавад,
метавон оксиди магний истеҳсол кард, ки ҳар тоннаи он то 5 ҳазор доллар арзиш
дорад. Дар сурати коркарди амиқтари серпентинит имкони ба даст овардани никел,
хром ва кобалт низ фароҳам меояд. Ин маҳсулот барои саноати электротехника ашёи
хоми муҳим ба ҳисоб меравад.
Ба
масъулон супориш шуд, ки бобати ду баробар зиёд намудани захираҳои ашёи хоми
зарурӣ барои саноати кимиё, чун фосфорит, галит, мирабилит ва серпентинит,
барномаи сесола таҳия намуда, корҳои амалиро оғоз намоянд. Аз рӯйи роҳандозии
лоиҳаҳо оид ба коркарди ашёи хоми серпентинит ба маблағи на камтар аз 200
миллион доллар вазифа гузошта шуд.
Ҳар
сол ба мамлакат ба маблағи 300 миллион доллар маҳсулоти кимиёвии маишӣ ворид
карда мешавад. Дар минтақа бошад, барои чунин маҳсулот бозори 2 миллиард
долларина мавҷуд аст.
Масалан,
дар минтақаи иқтисодии озоди “Ангрен” соҳибкоре бо ширкати дар ҷаҳон машҳури
“Henkel” ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ҳоло ин корхона аз ҷониби “Henkel” харидорӣ
гардида, аз он ҷо интиқоли маҳсулот ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба
нақша гирифта шудааст.
Бо
мақсади зиёд намудани чунин лоиҳаҳо, майдонҳои яке аз минтақаҳои саноатии
пойтахт барои татбиқсозии лоиҳаҳои кимиёи маишӣ ҷудо карда мешаванд. Бо шарти ҳамчун
тиҷорати омодаву сердаромад якҷо бо бренди худ ба бахши хусусӣ фурӯхтани
корхонаҳое, ки ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ба ин самт 50 миллион доллар равона
карда мешавад.
Барои
татбиқсозии чунин лоиҳаҳо дар дигар вилоятҳо аз Фонди кооператсияи саноатӣ 15
миллион доллар ҷудо карда мешавад. Дар маҷмӯъ, ба масъулон супориш шуд, ки
барнома оид ба роҳандозии истеҳсоли на кам аз 100 маҳсулоти нави брендӣ дар
кимиёи маиширо таҳия намоянд.
Дар
ҷамъомад имкониятҳои бозори нуриҳои минералӣ низ таҳлил гардиданд.
Дар
ҷаҳон талабот ба нуриҳои минералӣ соле 5 фоиз меафзояд ва дар соли 2030 аз 260
миллиард доллар хоҳад афзуд. Бахусус, бо рушди агротехнологияҳои нав ниёз ба
нуриҳои дар об ҳалшаванда босуръат зиёд мешавад.
Дар
назди масъулони соҳа ва ҳокимон вазифа гузошта шудааст, ки дар се соли оянда 42
лоиҳаро ба маблағи 2 миллиарду 800 миллион доллар амалӣ намоянд. Бо ин роҳ то
соли 2030 зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли нуриҳои азотӣ аз 2,8 миллион тонна ба 4
миллион тонна, нуриҳои фосфорӣ аз 400 ҳазор тонна ба 900 ҳазор тонна ва нуриҳои
дар об ҳалшаванда аз 100 ҳазор тонна ба 400 ҳазор тонна муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид
гардид, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои бузурге, ки дар самтҳои нуриҳои дар об ҳалшаванда,
полимерҳо, кимиёи маишӣ ва ғайриорганикӣ ба нақша гирифта шудаанд, дар самтҳои
муосир, чун нанокимиё, кимиёи “сабз”, кимиёи супермолекулавӣ ва моделсозии
кимиёвӣ дар асоси зеҳни сунъӣ талабот ба мутахассисон меафзояд.
Дар
робита ба ин, дар саноати кимиё офаридани низоми ягонаи фарогири таълим, таҳқиқот,
лаборатория ва стартапҳо муайян гардид.
Бо
ин мақсад, дар 60 гектар майдони ноҳияи Мирзо Улуғбек кластери инноватсионии
илмиву истеҳсолӣ ва таълимӣ барои саноати кимиё ташкил мегардад. Дар ин кластер
дар ҳамкорӣ бо Кореяи Ҷанубӣ Маркази инноватсионии технологияҳои кимиё бунёд хоҳад
шуд. Дар марказ нисфи хароҷоти марбут ба корҳои таҷрибавию озмоишӣ ҷуброн карда
мешавад.
Умуман,
супориш шуд, ки аз рӯйи дар саноати кимиё ба кор андохтани беш аз 350 лоиҳа ба
маблағи 17 миллиард доллар барнома таҳия гардида, корҳои амалиро шурӯъ намоянд.
Сарвари
давлат таъкид намуд, ки барои расидан ба чунин марраҳои бузург идораи соҳа дар
асоси равишҳои илмӣ ва усулҳои муосир зарур аст. Дар робита ба ин, ба масъулон
аз рӯйи трансформатсияи “Ӯзкимёсаноат” супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Дар
рафти ҷамъомад ҳисоботи масъулони саноати кимиё ва роҳбарони минтақаҳо шунида
шуда, бо роҳбарони корхонаҳое, ки дар шабака фаъолият доранд, мулоқот доир
гардид.