Дар кишвари мо иштироки низоми бонкӣ дар рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиёт, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ташаббусҳои соҳибкории аҳолӣ вусъат меёбад.
Бонки миллӣ дар соли ҷорӣ ба мизоҷон дар маҷмӯъ 38,5 триллион сӯм қарз ҷудо карданро ба нақша гирифтааст, ки аз он 28,2 триллион сӯм ба шахсони ҳуқуқӣ ва 10,3 триллион сӯм ба шахсони воқеӣ рост меояд.
Дар давраи сипаришуда барои татбиқи 2 ҳазор лоиҳа оид ба рушди соҳаҳои калидии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ва инфрасохтор, 15 триллион сӯм маблағи қарзӣ равона карда шудааст. Барои маблағгузории 235 лоиҳаи соҳаи сохтмон 1,7 триллион сӯм ҷудо гардидааст.
Ба ҷалби ҷавонон, пеш аз ҳама, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва дастгирии молиявии ташаббусҳои тиҷоратии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Қайд гардид, ки дар соли ҷорӣ тавассути лоиҳаҳои аз ҷониби бонк маблағгузоришуда шуғли 306 ҳазор хатмкунанда таъмин шудааст. Дар назар аст, ки ҳаҷми қарздиҳӣ ба лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон ва хатмкунандагон ба 618 миллиард сӯм расонида шавад. Ин имкон медиҳад, ки боз тақрибан 10 ҳазор ҷавон бо ҷойи кор таъмин гардад.
Дар 1 188 маҳаллаи ба бонк вобасташуда 13 ҳазор микролоиҳа, ки ба ҷалби аҳолӣ ба соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд, ташаккул дода шудааст. Барои татбиқи онҳо 2,8 триллион сӯм маблағи қарзӣ равона карда, шуғли 178 ҳазор нафар таъмин карда мешавад.
Ҳамчунин, вазифаҳои асосии бонк барои соли 2027 баррасӣ гардиданд.
Дар соли оянда ба 43 триллион сӯм расонидани ҳаҷми қарздиҳии бонк пешбинӣ шудааст, ки аз ин маблағ 18 триллион сӯм ба бахши воқеии иқтисодиёт ва 5 триллион сӯм ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ равона карда мешавад.
Сарвари давлат аҳамияти пеш аз ҳама ба маблағгузории лоиҳаҳое равона намудани захираҳои бонкиро таъкид кард, ки арзиши иловагии баланд ба вуҷуд меоранд, иқтидори содиротии иқтисодиётро афзун намуда, фаъолияти соҳибкории аҳолиро ҳавасманд мегардонанд ва ҷойҳои кори устувор таъсис медиҳанд.
Ба роҳбарияти бонк супориш дода шуд, ки самаранокии иқтисодии маблағҳои қарзиро баланд бардорад, ба соҳибкорон дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадор мусоидат намояд ва дастгирии молиявии ташаббусҳоеро, ки ба афзоиши даромади аҳолӣ дар маҳаллаҳо нигаронида шудаанд, фаъолтар гардонад.