Дар ин бора агентии Kazinform бо истинод ба агентии «Синхуа» хабар медиҳад.

Яке аз лоиҳаҳои муваффақтарин сериали «Силоҳдорон дар сулолаи Сун» мебошад. Қисса дар бораи сарбозони муосире, ки ба Чини қадим афтодаанд, беш аз чор миллиард маротиба тамошо шудааст. Дар таҳияи ин лоиҳа ҳамагӣ шаш нафар иштирок доранд. Онҳо то имрӯз тақрибан ҳазор қисмро ба навор гирифтаанд, ки давомнокии ҳар кадоми онҳо камтар аз ду дақиқа мебошад.

Истифодаи зеҳни сунъӣ хароҷоти истеҳсолиро ба таври назаррас коҳиш додааст. Тибқи маълумоти соҳа, таҳияи сериалҳои босифат бо истифода аз зеҳни сунъӣ нисбат ба наворбардории анъанавӣ тақрибан даҳ маротиба арзонтар меафтад. Ҳамзамон, барои омода кардани як сериал аз 100 қисмати кӯтоҳ ҳамагӣ се рӯз кифоя аст.

Дар даҳ моҳи аввали соли 2026 дар Чин тақрибан 550 ҳазор сериали кӯтоҳ истеҳсол шудааст, ки беш аз 94 фоизи онҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ офарида шудаанд. Ҳаҷми бозори ин соҳа дар панҷ моҳи аввали сол аз 22 миллиард юан гузаштааст.

Бо вуҷуди маъруфияти зиёд, аксари лоиҳаҳо ҳанӯз ҳам зараровар мебошанд. Тибқи арзёбии ширкати таҳлилии DataEye, ҳамагӣ 1,3 фоизи сериалҳои бо ёрии зеҳни сунъӣ офаридашуда ба сатҳи зарурии тамошобин мерасанд, ки барои ба даст овардани фоида кофӣ аст.

Коршиносон аз ҷумлаи мушкилоти асосии ин соҳаро якрангии сюжетҳо, хатогиҳо дар тасвири қаҳрамонҳо ва рақобати шадид медонанд. Дар баробари рушди босуръати ин соҳа, мақомоти Чин назорати сифати чунин муҳтавои рақамиро тақвият медиҳанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар озмуни байналмилалии филмҳои бо истифода аз зеҳни сунъӣ офаридашуда, ки дар Дубай баргузор мегардад, ҷоизаи як миллион долларӣ гузошта шудааст.