Тавре агентии «Report» бо истинод ба агентии «Синхуа» хабар медиҳад, партоби мушаки ҳомили «CZ-12» («Long March-12») аз космодроми тиҷоратӣ дар ҷазираи Ҳайнан амалӣ гардид.

Моҳвораҳо ба мадори муайяншуда бароварда шуда, партоб бомуваффақият арзёбӣ гардид.

Мушаки ҳомили «CZ-12» мушаки ду зинадор буда, бо сӯзишвории моеъ фаъолият мекунад. Қувваи кашиши он ҳангоми парвоз тақрибан 5 ҳазор килонютонро ташкил медиҳад. Дарозии мушак 62 метр буда, қутри қисми сарпӯши муҳофизатии он 4,2 ё 5,2 метр аст. Ин мушак метавонад ба мадори ҳамоҳанги офтобӣ дар баландии 700 километр на камтар аз 6 тонна борро барорад.

Чин рушди фаъоли барномаи миллии кайҳонии худро идома дода, аз ҷумла ба сохтани моҳвораҳои обуҳавошиносӣ, телекоммуникатсионӣ ва навигатсионӣ, инчунин таҳияи технологияҳои таҳқиқи Моҳ, Миррих ва астероидҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Илова бар ин, дар мадори наздизаминӣ истгоҳи кайҳонии Чин фаъолият дорад, ки аз ҷумла барои ҳамкориҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Соли 2025 Чин 92 партоби кайҳонӣ анҷом дода, рекорди нави миллии худро гузошт.