Ҷолиб он аст, ки ба Тошканд барои бозӣ бо «Пахтакор»
дастаи саудии «Ал-Наср» меояд, ки дар ҳайати он футболбози португалӣ Криштиану
Роналду бозӣ мекунад. Ҳамчунин ба Фарғона барои бозӣ бо «Нефтчӣ» метавонад
Карим Бензема дар ҳайати «Ал-Ҳилол» биёяд.
Дар
ин бора Конфедератсияи
футболи Осиё хабар медиҳад.
Тибқи
натиҷаи қуръакашӣ, «Пахтакор» дар гурӯҳи А-и минтақаи Ғарб бо клубҳои АМА —
«Ал-Айн» ва «Шабоб Ал-Аҳлӣ», инчунин клуби Қатар «Ал-Ғарафа» қарор гирифт.
«Нефтчӣ» бошад, дар гурӯҳи С бо клубҳои Қатар — «Ал-Садд»
ва «Ал-Шамол», инчунин «Ал-Васл»-и АМА бозӣ мекунад.
Маълум шуд, ки «Пахтакор» дар Тошканд «Ал-Наср» ва «Ал-Қодисия»-и
Арабистони Саудӣ, инчунин клубҳои эронӣ — «Трактор» ва «Истиқлол»-ро қабул
мекунад.
Бозиҳои меҳмонии даста бар зидди се клуби саудӣ — «Ал-Ҳилол»,
«Ал-Иттиҳод» ва «Ал-Аҳлӣ», инчунин клуби ироқии «Эйр Форс» баргузор мешаванд.
«Нефтчӣ» дар майдони худ бо ҳамон клубҳое бозӣ мекунад,
ки «Пахтакор» дар Тошканд қабул мекунад. Дар бозиҳои меҳмонӣ бошад, бо ҳамон рақибоне
вомехӯрад, ки «Пахтакор» ба майдони онҳо сафар мекунад.
«Насаф»-и Қаршӣ,
ки соли гузашта дар Суперлигаи Ӯзбекистон ҷойи сеюмро гирифт, дар Лигаи қаҳрамонҳои
Осиё-2 бо «Ал-Ваҳда»-и АМА, «Кувайт СК»-и Кувайт ва «Ал-Халдия»-и Баҳрайн бозӣ
хоҳад кард.
Ҷолиб
аст, ки оё Криштиану Роналду ба Тошканд меояд? Ба зудӣ маълум хоҳад шуд. Ҳамчунин
сафари Карим Бензема — барандаи «Тӯби тиллоӣ» дар ҳайати «Реал Мадрид» ба Фарғона
метавонад ба як рӯйдоди муҳим дар таърихи футболи мо табдил ёбад.