Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби то 17-солаи Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Чемпионат барои рушди футболбозони ҷавон, омодасозии онҳо ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва инчунин барои муаррифии беҳтарин истеъдодҳои ҷавони футболи Осиёи Марказӣ замина фароҳам меорад.

Барои маълумот: дар мусобиқа мунтахаби занонаи то 17-солаи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Маҳлиё Сарикова иштирок хоҳад кард.