Дар ҷараёни музокирот диққати асосӣ ба ҳамкорӣ дар самтҳое равона гардид, ки ба фаъолияти Кумитаи миллӣ, аз ҷумла масъалаҳои урбанизатсия ва навсозии инфрасохтори шаҳрӣ ва деҳот марбутанд.

Ҷонибҳо пешниҳодҳоро оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои урбанизатсия, кадастр ва сохтмони манзил, аз ҷумла табодули мутахассисон ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадор баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни мулоқот омодагиро ба Форуми ҷаҳонии урбанизатсия, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Боку баргузор мегардад, муҳокима намуданд.

Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории амалӣ дар самтҳои зикршуда мувофиқа карданд.