Тавре ки дар хадамоти матбуоти Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ
хабар доданд, барои қабули чунин муроҷиатҳо колл-марказ бо рақами кӯтоҳи 1246
фаъолият мекунад. Ҳамаи муроҷиатҳо тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ
мешаванд ва ба муроҷиаткунандагон махфияти пурра кафолат дода мешавад.
Ба колл-марказ бояд дар ҳолатҳои зерин муроҷиат кард:
дар бораи зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ё ҷинсӣ нисбати кӯдак;
дар бораи ҳолатҳои муносибати бераҳмона ё беэътиноӣ ба манфиатҳое
ӯ;
дар бораи ҳар гуна вазъияте, ки ба ҳаёт ё саломатии
ноболиғ таҳдид мекунад.
Айни замон
колл-маркази 1246 дар реҷаи озмоишӣ фаъолият дорад.
«Як занги саривақтӣ
метавонад ба ҳифзи кӯдак кумак
расонад ва ҳаёти ӯро тағйир диҳад. Кӯдаконро ҳифз намоед ва нисбат ба ҳолатҳои
зӯроварӣ бетараф набошед», — таъкид карданд дар Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ.