Тавре хабар дода мешавад, дар натиҷаи ҳамкории Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон ва ширкати Google платформаи байналмилалии тасдиқи мақоми донишҷӯён — SheerID — Ӯзбекистонро расман ба рӯйхати кишварҳои дастгиришаванда ворид кардааст.

Ба шарофати ин, донишҷӯён метавонанд раванди тасдиқи мақоми худро дар Google гузаранд ва обунаи яксолаи Google Gemini AI Plus-ро ройгон ба даст оранд.

Обунаи Google Gemini AI Plus имкониятҳои гуногунро барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳсил, таҳқиқот ва лоиҳаҳои эҷодӣ фароҳам меорад.

Аз ҷумла:

Gemini: имкони истифодаи бештари хидматрасонӣ ва дастрасӣ ба модели пешрафтаи Flash Thinking.

400 ГБ фазои нигоҳдории абрӣ: фазои муштарак барои хидматрасониҳои Google Photos, Google Drive ва Gmail.

Google Flow: имкони эҷоди саҳнаҳо ва ҳикояҳои синамоӣ бо ёрии зеҳни сунъӣ.

Gemini дар Gmail: дастрасӣ ба имкониятҳои зеҳни сунъӣ бевосита дар хизматрасонии почтаи электронӣ.

Gemini Notebook: дастрасӣ ба абзорҳо барои таҳияи хулосаи мухтасари маводи аудиоӣ ва видеоӣ, омода кардани тестҳо ва анҷом додани таҳқиқот.

Студияи мусиқии бар пояи зеҳни сунъӣ: дастрасӣ ба абзорҳо барои эҷоди мусиқӣ.

Донишҷӯён метавонанд тавассути платформаи Aileaders.uz мақоми худро дар Google тасдиқ намоянд.

Илова бар ин, дар платформа имкони ройгон омӯхтани беш аз 100 курси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои пешсафи ҷаҳон пешниҳод шудаанд, фароҳам оварда шудааст.

Шахсоне, ки мехоҳанд лоиҳаҳои шахсии худро дар соҳаи зеҳни сунъӣ таҳия кунанд, метавонанд бо имкониятҳои рушди ташаббусҳои стартапӣ дар платформаи Startupbase.uz шинос шаванд.