Дар ин бора Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Истанбул хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 19-сола бо ҳарфҳои аввали ному насаби А.С. бо мақсади пайдо кардани ҷои кор ба Туркия рафта буд. Аммо бинобар мушкилоти саломатӣ натавонист фаъолияти меҳнатиашро идома диҳад ва тасмим гирифт ба Ӯзбекистон баргардад. Ӯ чиптаи ҳавопаймо харида, ба фурудгоҳи Истанбул омад, вале ногаҳон вазъи саломатиаш бад шуда, аз ҳуш рафт.

Пас аз ин, шаҳрванди Ӯзбекистонро ба таври таъҷилӣ ба беморхонаи шаҳрии «Чам ва Сакура», воқеъ дар ноҳияи Башакшеҳири шаҳри Истанбул, интиқол доданд. Дар он ҷо ба ӯ ёрии зарурии тиббӣ расонида шуда, табобат гирифт. Қисме аз хароҷоти табобат бо мусоидати ҳамватанони муқими Туркия пардохт карда шуд.

Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Истанбул ва Агентии муҳоҷират ин масъаларо таҳти назорат гирифта, барои ташкили бозгашти шаҳрванд ба Ватан тадбирҳои зарурӣ андешиданд.

Дар натиҷа, бо мусоидати созмонҳои дахлдор, шаҳрванди 19-сола А.С. ба Ӯзбекистон баргашт.

Консулгарии генералӣ ба ҳамватаноне, ки дар табобат ва бозгардонидани ӯ ба Ватан кумак расониданд, изҳори сипос кард.