Бо истифода аз маблағҳои Фонди Агентии муҳоҷират ба як қатор шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки зимни фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар шаҳрҳои Владивосток ва Хабаровск ба мушкилоти шадиди молиявӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, барои бозгашт ба Ватан кумак расонида шуд. Дар байни онҳо сокинони вилоятҳои Самарқанд ва Сурхондарё низ ҳастанд, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Дунё».

Аз ҷумла, ба як зани сокини вилояти Самарқанд, ки бо чор фарзанди ноболиғаш дар шаҳри Хабаровск қарор дошт, ёрӣ расонида шуд. Ӯ ба далели ғайриқонунӣ будани мақоми будубошаш аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ боздошт гардида, тибқи қарори суд бояд аз қаламрави Русия ихроҷ мешуд. То замони иҷрои қарори ихроҷ бошад, ӯро ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ интиқол дода буданд.