Қарори дахлдорро Шӯрои вакилони халқи шаҳри Тошканд қабул
кардааст.
Тибқи қарор, барои истифодабарандагони кортҳои нақлиётӣ
инчунин тарифҳои имтиёзнок ва ройгон амал хоҳанд кард. Аз ҷумла, агар мусофир
роҳкирои автобусро бо корти ATTO пардохт карда, дар давоми як соат ба масири
дигар гузарад, арзиши сафари дуюм 1
500 сӯмро ташкил медиҳад. Ҳоло ин маблағ 700 сӯм аст.
Барои сафари сеюм ва чорум бо автобус дар давоми як соат
маблағи иловагӣ ситонида намешавад.
Дар
доираи тарофаи яксоата аз хидматрасонии метро
танҳо як маротиба истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми истифодаи такрории метро
муҳлати ҳисобии 60-дақиқагӣ аз нав оғоз
мешавад.
Шӯро инчунин тарифҳои кортҳои нақлиётиро вобаста ба
шумораи сафарҳо тасдиқ кард. Ҳамин тариқ, арзиши корти якрӯза барои сафар бо
автобус 11 500 сӯм,
корти 30-рӯза бошад, 250 ҳазор сӯм
муқаррар шудааст.
Барои
истифодаи метро тарифи якрӯза 13 500 сӯм ва тарифи
30-рӯза 345 ҳазор сӯм
хоҳад буд.