Дар мамлакат ба рушди сайёҳӣ, густариши содироти хидматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода мешавад. Дар ин самт истифодаи босамари имкониятҳои табиии вилояти Тошканд, бахусус минтақаҳои кӯҳии он аҳамияти калон дорад.
Дар асоси қарори Сарвари давлат аз 30 апрели соли 2026 «Дар бораи чораҳои рушди босуръати инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳо ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии лоиҳаҳо дар соҳа» дар ҷойҳо маҷмааҳои муосири сайёҳӣ бунёд мешаванд.
Маҷмааи истироҳатии оилавии «Silver Valley» низ яке аз чунин лоиҳаҳо мебошад. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри истироҳати пурмазмун дар оғӯши табиат ва баланд бардоштани ҷозибаи сайёҳии минтақа сохта шудааст.
Маҷмаа 148,5 миллиард сӯм арзиши умумӣ дорад ва дар масоҳати 29,5 гектар ҷойгир шудааст. Дар доираи лоиҳа таъсиси 200 ҷойи нави корӣ дар назар аст.
Дар ин ҷо 12 хонаи истиқоматӣ бо услуби шале барои 120 нафар, бинои муосири қабул, тарабхона барои 300 нафар, 12 юрт-тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи террасавӣ барои 100 нафар ва чор маҷмааи СПА бунёд гардидаанд.
Барои истироҳати пурмазмуни сайёҳон роҳрави “тафаккур”, минтақаҳои машқҳои варзишӣ (воркаут), аттраксионҳои зиплайн ва тюбинг, кинотеатри тобистона, инчунин майдончаи фароғатӣ бо 10 аттраксион ташкил карда шудааст.
Пас аз пурра ба кор шурӯъ кардани маҷмаа имкони қабули то 2,7 ҳазор меҳмон дар як шабонарӯз фароҳам хоҳад шуд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо шароите, ки дар ин ҷо фароҳам гардидаанд ва бунёдкориҳои анҷомёфта таъкид кард, ки ба сайёҳон дар заминаи маҳсулоти маҳаллӣ хидмат расонидан, соҳибкоронро дастгирӣ кардан ва афзун намудани шумораи чунин мавзеъҳои истироҳатӣ дар дигар минтақаҳои кӯҳӣ низ муҳим аст.
Президент ҳангоми суҳбат бо аҳолӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки бо беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ талаботи мардум ба истироҳати пурмазмун низ меафзояд.
– Даромади мардум афзуда, вазъи корашон рӯ ба беҳбудӣ оварад, онҳо аз пайи ҷустуҷӯи ҷойи муносиб барои истироҳат мешаванд. Агар дар Паркент чунин шароитро фароҳам оварем, оилаҳо бо фарзандони худ ин ҷо омада, истироҳат мекунанд. Агар сол ба сол шумораи чунин мавзеъҳои сайёҳиро зиёд намоем, ба ин ҷо на танҳо аз Тошканд, балки аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ низ одамон меоянд, – гуфт Сарвари давлат.
Таъкид гардид, чунин лоиҳаҳо дар баробари рушди сайёҳӣ, барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати истироҳати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва густариши соҳибкории маҳаллӣ низ мусоидат мекунанд.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки мақсади асосии дигаргуниҳое, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, таъмини манфиатҳои инсон ва ноил гардидан ба ризояти мардум аз зиндагӣ мебошад.
– Мақсади сафари имрӯзаи ман ба Паркент боз ҳам васеъ намудани имкониятҳои минтақа ва афзунсозии эътимоди сокинони Паркент ба дигаргуниҳо мебошад. Тамоми талошҳои мо ба он нигаронида шудаанд, ки ҳар як инсон аз зиндагии худ розӣ бошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Инчунин гуфта шуд, ки набояд бо натиҷаҳои ноилшуда қаноат кард. Татбиқсозии ташаббусҳои нав, дар дилу тафаккури мардум ҷойгир кардани андешаи «агар ҳаракат кунем, имконпазир будааст» хеле зарур аст.
Доир ба таъмини шароити мусоид барои дар минтақа бештар иқомат намудани меҳмонон, зиёд кардани намудҳои иловагии хидматрасонӣ ва истифодаи самарабахши инфрасохтори мавҷуда тавсияҳо дода шуданд.