Рӯзи гузашта Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои озарбойҷонии худ дар ҳайати маҳдуд мулоқот анҷом дод ва сеюмин ҷаласаи Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор гардид. Шартномаи таърихӣ оид ба дӯстии абадӣ ва бастаи муҳими ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд ва ба як қатор лоиҳаҳои муштарак оғоз бахшида шуд. Сарони давлатҳо бо баландтарин мукофотҳои давлатии ду кишвар сарфароз гардиданд.
Дар доираи ин сафар Президенти Озарбойҷон бо лоиҳаи Тошканди Нав шинос шуд. Сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи кампуси нави Донишгоҳи миллии педагогии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ ва оғози корҳои бунёди боғи «Озарбойҷон» дар Тошканди Нав иштирок карданд.
Имрӯз саммит дар Бухоро идома ёфт. Сарони давлатҳо ҳамроҳи ҳамсаронашон бо ёдгориҳои таърихии шаҳри қадимӣ шинос шуданд.
Ба меҳмонони олимақом оид ба имкониятҳои вилояти Бухоро дар соҳаҳои рақамикунонӣ, саноати сабук ва саноати электротехникӣ маълумот пешниҳод гардид.
Пас аз анҷоми чорабиниҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳамсарашро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш гусел карданд.
Бо ҳамин Президенти кишвари мо сафар ба Бухороро ба анҷом расонида, ба Тошканд баргашт.