Санҷишҳо аз ҷониби Агентии арзёбии дониш ва малака дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ташкил карда шуданд. Имтиҳонҳо аз рӯйи се фан: таърихи Ӯзбекистон, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ гузаронида шуданд.
Натиҷаҳоро аз куҷо дидан мумкин аст?
Довталабон метавонанд бо натиҷаҳои санҷиш дар утоқи шахсии худ дар низоми электронии my.edu.uz шинос шаванд.
Чӣ гуна метавон шикоят пешниҳод кард?
Иштирокдороне, ки бо натиҷаҳои санҷиш розӣ нестанд, метавонанд тавассути низоми электронии my.edu.uz то соати 10:00-и 20 октябр шикоят пешниҳод намоянд.
Дар аризаи шикоятӣ бояд фан ва саволи мушаххасе, ки иштирокдор аз натиҷаи он розӣ нест, дақиқ нишон дода шавад.
Ба ҳамаи довталабон тавсия дода мешавад, ки бо натиҷаҳои санҷиш шинос шуда, дар ҳолати зарурӣ дар муҳлати муқарраршуда шикоят пешниҳод кунанд.