Дар
ин рӯз Замин ба афелий
— дуртарин нуқтаи мадори худ нисбат ба Офтоб мерасад. Масофаи байни Замин ва
Офтоб 152 093 251 километр
(1,0167 воҳиди астрономӣ)-ро ташкил медиҳад.
Азбаски
мадори Замин шакли эллипсӣ дорад, мавқеи сайёра нисбат ба Офтоб ҳар сол тағйир
меёбад. Дар моҳи январ Замин ба Офтоб аз ҳама наздик мешавад, дар ҳоле ки дар
моҳи июл аз он дуртар қарор мегирад. Соли 2026 афелий маҳз ба 6 июл рост меояд. Тавре дар
Планетария қайд карданд, дар ин рӯз на танҳо суръати ҳаракати Замин дар мадор
ба ҳадди ақал мерасад, балки диаметри намоёни Офтоб низ дар тӯли сол аз ҳама
хурд хоҳад буд.
Тибқи
ҳисобҳо, 6 июл суръати Замин 29,27–29,29
км/сро ташкил медиҳад. Дар перигелий — наздиктарин нуқтаи мадор ба Офтоб — ин
нишондиҳанда то 30,27–30,29 км/с
зиёд мешавад. Астрономҳо ин фарқиятро бо қонуни
дуюми Кеплер шарҳ медиҳанд: ҳар қадар ҷисми осмонӣ ба маркази ҷозиба
наздик бошад, ҳамон қадар бо суръати бештар ҳаракат мекунад ва баръакс, бо зиёд
шудани масофа суръат кам мешавад, mir24.tv.