Зимни боздид ба Сарвари давлат оид ба рафти иҷрои супоришҳои қаблан дар самти истифодаи самараноки имкониятҳои маҷмаа, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори сайёҳии он, рушди маърифати исломӣ ва сайёҳии зиёратӣ тавассути ҳифз, омӯзиш ва муаррифии байналмилалии мероси ғании илмии Имом Бухорӣ додашуда маълумот дода шуд.

Президент зарурати идомаи пайгиронаи ин корҳоро таъкид кард.

– Ин олими бузург тамоми дониш ва илми худро ба мо мерос гузоштааст. Агар ин мероси илмиро идома дода, рушд бахшем, метавонем ба дастовардҳои бештар ноил шавем.

Ҳар дафъае, ки ба мақбараи аҷдоди бузургамон меоям, барои осоиштагии халқамон, афзун шудани фаровонӣ дар ҳар як оила дуо мекунам.

Мо барои ҳифз ва тарғиби мероси аҷдоди бузургамон боз корҳои зиёдеро анҷом медиҳем. Ҳама шароитро фароҳам меорем, то мардум аз саросари ҷаҳон ба Ӯзбекистон омада, аз Маркази тамаддуни исломӣ ва маҷмааи Имом Бухорӣ боздид кунанд, – гуфт Сарвари давлат.

Маҷмааи ёдгорӣ, ки бо ташаббуси Президент аз нав бунёд шудааст, яке аз маконҳои муқаддаси ҷаҳони ислом ба шумор рафта, ҳамоно таваҷҷуҳи зиёраткунандагони сершуморро аз Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ ҷалб мекунад. Агар қаблан маҷмаа дар як рӯз то 12 ҳазор нафарро қабул мекард, ҳоло ин рақам аз 65 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Масҷиди дорои ғунҷоиши 10 ҳазор нафар, мақбараи бошукӯҳ, чор манораи 75-метрӣ ва гунбазҳои кабуд ба маҷмаа ҳашамати хос мебахшанд. Дар осорхонаи муосир, ки бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ таъсис ёфтааст, таърихи дини муқаддаси ислом, зиндагии паёмбарон ва фаъолияти ҷамъоварандаи ҳадисҳои Имом Бухорӣ ба таври васеъ инъикос ёфтааст. Дар ин ҷо ҳамчунин нигораҳои нодир ба маъраз гузошта шудаанд.

Айни замон дар маҷмаа барои зиёраткунандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар ҳудуди он беш аз 20 меҳмонхонаи муосир фаъолият мекунад.