Сарвари давлати мо ба муносибати рӯзи таваллуд Пешвои Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти масъули давлатӣ ба нафъи шукуфоии мардуми бародари тоҷик комёбиҳои бузург орзу намуд.
Дар суҳбат масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аз афзоиши пайвастаи ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар устуворона меафзояд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, геология, кишоварзӣ, хоҷагии об ва дигар соҳаҳо идома доранд.
Ҳамчунин мубодилаи фаъол дар сатҳи минтақаҳо ва дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ низ табодули назар намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.