Дар
оғози мулоқот меҳмонони олиқадр ба роҳбари кишвари мо паёми самимона ва орзуҳои
неки Президенти федералии Австрия Александр Ван дер Белленро расониданд.
Дар
ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар баррасӣ
гардиданд.
Бо
қаноатмандӣ таъкид шуд, ки робитаҳо дар сатҳҳои гуногун пайваста рушд меёбанд. Ҳаҷми
гардиши мол дар солҳои охир се баробар афзудааст. Айни замон лоиҳаҳои ҳамкорӣ
дар соҳаҳои масолеҳи сохтмонӣ, туризми кӯҳӣ, тандурустӣ, саноати кимиё, кишоварзӣ,
бахшҳои бонкӣ ва молиявӣ ва дигар самтҳо фаъолона амалӣ мешаванд.
Комиссияи
байниҳукуматӣ самаранок фаъолият мекунад. Дар доираи ин сафар форуми муштараки
соҳибкорӣ бомуваффақият баргузор гардида, созишномаҳои муҳим дар соҳаҳои муҳоҷирати
меҳнатӣ, химати дипломатӣ ва андозбандӣ ба имзо расиданд.
Мубодилаҳои
фарҳангӣ ва таълимӣ низ густариш меёбанд.
Аҳамияти
роҳандозии муколамаи низомманд дар сатҳи олӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва
пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок таъкид гардид.
Дар
мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи амният зарурати мубодилаи доимии иттилоот дар самти
мубориза бо терроризм, харидуфурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи
мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ қайд гардид.
Ҳамчунин
ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи
афкор анҷом доданд.