Дар рӯзи аввали сафар роҳбари давлати Ӯзбекистон бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот кард. Роҳбарони ду кишвар иҷрои тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро баррасӣ намуданд.

15 октябр Президенти Ӯзбекистон дар ҳафтумин ҳамоиши Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, иштирок кард. Роҳбари давлат пешниҳод намуд, ки Консепсияи ташаккули зерсохтори боварӣ дар Осиё таҳия карда шавад. Ҳамчунин, ӯ ташаббуси осиёӣ оид ба боварии технологӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъиро пешниҳод намуда, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи устувории иқлимиро муҳим арзёбӣ кард.

Дар ҳошияи ҳамоиш Президенти Ӯзбекистон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос Тхонглун Сисулит, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Во Тхи Ан Суан мулоқотҳои алоҳида анҷом дод.

Илова бар ин, дар ҳошияи ҳамоиш бо роҳбарони ҳайатҳои дигар низ суҳбату мулоқотҳо баргузор шуданд.

Дар анҷоми сафар меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд. Роҳбари давлати мо ба Тошканд рафт.