Тибқи маълумоти Хадамоти обуҳавошиносии Ӯзбекистон (Ӯзгидромет), дар шаҳри Тошканд гоҳ-гоҳ борон меборад. Суръати шамол дар як4 сония 3–8 метрро ташкил медиҳад. Ҳарорати ҳаво 7–9 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо боришот (борон ва барф) пешбинӣ шуда, дар минтақаҳои алоҳида боришоти шадид ба амал меояд. Эҳтимоли сар задани сел ва обхезиҳо вуҷуд дорад. Дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, ҳарорати ҳаво 0–5 дараҷа гарм мешавад.