Тибқи маълумоти Маркази обуҳавошиносии Ӯзбекистон, дар шаҳри Тошканд гоҳ-гоҳ борон меборад, раъду барқ низ эҳтимол дорад. Суръати шамол дар як сония 3–8 метрро ташкил дода, дар баъзе ҷойҳо то 11–13 метр шиддат мегирад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо чангу ғубор мевазад. Ҳарорати ҳаво 18–20 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борон меборад, дар ноҳияҳои алоҳида борони шадид эҳтимол дорад. Дар минтақаҳои баландкӯҳ борон ба барф табдил меёбад. Дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Эҳтимоли ба амал омадани сел ва обхезӣ вуҷуд дорад. Суръати шамол дар як сония 9–14 метрро ташкил медиҳад. Ҳарорати ҳаво 10–15 дараҷа гарм хоҳад шуд.