Шарафи Ӯзбекистонро дар мусобиқа Зайнаб Дайибекова,
Гулистан Пердибаева, Фернанда Эррера ва Аякоз Жумамуратова ҳимоя карданд.
Зикр мешавад, ки дар доираи чемпионат ҳамчунин маросими қадрдонии
беҳтаринҳои мавсими солҳои 2024/2025, ки аз ҷониби Конфедератсияи шамшербозии
Осиё ташкил шудааст, баргузор гардид. Дар миёни қадршудагон намояндаи Ӯзбекистон
Дилором Турдикулова низ буд, ки беҳтарин довар дар мусобиқаҳои шамшербозӣ бо
шамшери эпе эътироф гардид.