Дар ин бора Report бо истинод ба Сарраёсати захираҳои давлатии оби
Туркия хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки меъёри солонаи захираҳои об барои ҳар
як нафар бояд аз 1700 метри мукааб зиёд бошад. Аммо, бо назардошти иқтидори оби
аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ имконпазири Туркия, ки 112 миллиард метри
мукаабро ташкил медиҳад, ин рақам барои ҳар як нафар тақрибан 1301 метри мукааб
дар як сол аст.
Аз ин рӯ, кишвар метавонад дар оянда бо камбуди об рӯ ба
рӯ гардад. Дар
робита ба ин, истифодаи сарфакорона ва оқилонаи захираҳои об аҳамияти махсус
дорад. Ҳамчунин арзёбии иқтидори манбаъҳои об ва истифодаи бисёрмақсадноки онҳо
зарур шумурда мешавад.
Бо
ин мақсад дар Туркия навсозии 25 ҳавзаи
гидрологӣ ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, ба коҳиши
талафоти об дар шабакаҳои обёрӣ, беҳтар намудани низоми заҳкаш, ки ба сифати
хок таъсир мерасонад, инчунин гузариш аз системаҳои анъанавии кушодаи обёрӣ ба
системаҳои муосири қубургузаронии фишордор диққати махсус равона хоҳад шуд.